Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2+3, рӯзона +7+12 ва дар шарқи ин вилоят шабона -8+13 ва рӯзона -4+1 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -2+7 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона +12+17 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф дар назар аст. Ҳарорат шабона -1+6 ва рӯзона ба 10+15 дараҷа гармӣ мерасад.
Дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат шабона +3+5 ва рӯзона +12+14 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"