Варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи зимистона иштирок мекунанд

Аз 2 то 12 март дар шаҳри Красноярски Федератсияи Россия бо сарпарастии Федератсияи байналмилалии варзиши донишҷӯён (FISU) Универсиадаи 29-уми зимистона доир мегардад.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи варзишӣ донишҷӯ- варзишгарони  аз  17 то 25-сола иштирок намуда, барои 76 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 11 намуди варзиш мубориза мебаранд.

Дар Универсиада иштироки беш аз 3000 варзишгар аз 50 давлати дунё дар назар аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз  4 нафар варзишгар: Садолати Ибодулло, Сайфиддини Низомиддин, Соҳибназар Соҳибов, Баракатулло Зокиров иборат аст. Варзишгарони тоҷик шоми имрӯз бо роҳбарии раиси Ассотсиатсияи варзишгарони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон Шодӣ Сафаров ба шаҳри Красноярск сафар мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, варзишгарон аз рӯи намудҳои варзишии биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронӣ, сноуборд, ҳадафгирии варзишӣ бо лижа, рақси рӯи ях, фристайл, хоккей, хоккей бо тӯб, шорт-трек миёни ҳам сабқат мекунанд.

Варзишгарони тоҷик 7-8 март аз намуди лижаронии кӯҳӣ ва қувваозмоиҳои слаломи бузург ва 10-11 март аз намуди слалом сабқат мекунанд.

АМИТ «Ховар»