ТВТ.23.09.2022. 21 сентябр бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии сокинони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарар дидаанд ва аъзои оилаҳои қурбониён аз пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе корвони пурбори мошинҳо иборат аз 45 техникаи калони боркаш бо кумакҳои моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд равон карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Кумаки навбатии башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маводи хӯрока, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ иборат аст.
Кумаки зикршуда асосан оилаҳои сокинони ҷамоатҳои Чоркуҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро фаро гирифта, нишонаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарардида, оилаҳои сарбозони шаҳид ва аҳолии осоиштаи қурбоншуда мебошад.
Бояд гуфт, ки рӯзҳои наздик аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз чунин кумакҳои моддӣ ба оилаҳои зарардида ҷудо карда мешаванд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»