25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мӯъминобод ҳамчунин бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос шуда, дар Хоҷагии деҳқонии “Муҳаммадҷон” ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшиданд.
Хоҷагии мазкур дар ихтиёри худ 5 гектар замин дошта, асоси фаъолияти онро кишту парвариши зироати кишварзӣ, аз ҷумла, картошкаву пиёз ва дигар намуди сабзавот ташкил медиҳад.
Саҳмдорон соли равон вобаста ба вазъи пандемия майдони кишти картошкаро 2 маротиба зиёд намуда, дар масоҳати 2,5 гектар пурра картошка кишт карданд, ки ҳосили хуб низ ба бор овардааст.
Ба Пешвои муаззами миллат иттилоъ дода шуд, ки Хоҷагии деҳқонии “Муҳаммадҷон” дар ноҳияи Мӯъминобод яке аз фаъолтарин хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоб рафта, дар самти таъмини бозори дохила бо маҳсулоти кишоварзии воридотӣ нақши арзанда дорад.
Сарвари давлат зимни боздид аз ҷамъоварии ҳосили картошка ба меҳнати саҳмдорон баҳои баланд дода, ба онҳо ҷиҳати дастгирии ҳадафҳои давлату Ҳукумати мамлакат дар самти таъмини амнияти озуқавории мамлакат изҳори сипос намуданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия дидан карда, бо натиҷаи заҳмати деҳқонон шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки аҳли заҳмати ноҳияи Мӯъминобод бо истифода аз имконоти мусоиди табиӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ кишту парвариши зироати кишоварзиро ба таври матлуб ба роҳ монда, имсол дар майдони 15 ҳазор 176 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузарониданд, ки нисбат ба соли гузашта 198 гектар зиёд мебошад.
Бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва дарназардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ноҳияи Мӯъминобод соли равон дар майдони 409 гектар кишти такрории зироат гузаронида шуд, ки аллакай ҳосил қисман ҷамъоварӣ гардида, дар заминҳои боқимонда корҳои ҳосилғундорӣ идома доранд.
Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо вазъи кишоварзии ноҳия ба меҳнати садоқатмандонаи деҳқонон баҳои баланд дода, ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулот ба хоҷагидорон тавсияҳои судманд доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Мӯъминобод соҳаи боғу токпарварӣ рушд карда, майдони онро мутаносибан 585 ва 40 гектар ташкил медиҳад.
Аз рӯи маълумоти Раёсати кишоварзии ноҳия, соли равон дар доираи барномаҳои давлатӣ ҷиҳати рушди боғу токзор 180 гектар боғ ва 3 гектар токзор таъсис ва барқарор гардида, ба ин васила афзоиши ҳаҷми номгӯи маҳсулот низ ба маротиб боло рафт.
Дар ҳамин ҷо аҳли заҳмат муосиртарин техникаю таҷҳизоти кишоварзиро, ки имрӯз ба таври васеъ ҳангоми кишту кор истифода мегарданд, ба намоиш гузоштанд.
Меҳнаткашони ноҳияи Мӯъминобод уҳдадор шудаанд, ки дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ карда, барои фаровонии бозори истеъмолӣ саҳми арзанда гузоранд.
АМИТ «Ховар»