Ба КВД «Тоҷиксуғурта» соли 2017 дар хусуси он ки гӯё кормандони ин корхона шаҳрвандонро барои суғурта кардани манзилҳои истиқоматияшон маҷбур намуда бошанд, ягон муроҷиати шаҳрвандон ворид нашудааст. Ин дар ҳолест, ки суғурта кардани манзил ихтиёристу касе ҳаққи маҷбур кардан надорад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод муовини аввали Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев баён дошт.
«Мо дар ҷумҳурӣ 72 филиал ва 1200 нафар корманд дорем ва вақти ба кор қабул кардани кормандон онҳоро бо намудҳои суғурта ошно месозем»,-гуфт А. Абдуллоев,
Ҳамчунин зимни нишаст зикр карда шуд, ки соли 2017 «Тоҷиксуғурта» бо 766 ҳазору 183 шахсони воқеию ҳуқуқӣ шартномаи суғуртавӣ бастааст, ки аз онҳо 72 ҳазору 328 адад шартномаи намудҳои ҳатмии суғурта ва 693 ҳазору 855 адад шартномаи намудҳои ихтиёрии суғурта мебошанд.
Мувофиқи маълумот, соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи намудҳои суғурта ба ҷои 27 миллиону 785 ҳазор сомонӣ 30 миллиону 121 ҳазор сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид гардид.
Инчунин зикр карда шуд, ки соли 2017 корхона ба 8 ҳазору 742 нафар шахсони молу амволашон зарардида ва шаҳрвандони ба ҳаёту саломатиашон осебрасида ба маблағи 7 миллиону 936 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар расонид, ки аз ин 2 миллиону 580 ҳазор сомонӣ аз намудҳои ҳатмии суғурта ва 5 миллиону 356 ҳазор сомонӣ аз намудҳои ихтиёрии суғурта мебошад.
АМИТ "Ховар"