Дар пойтахт дар партави Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе 2500 бех ниҳоли сӯзанбарг шинонида мешаванд

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ояндаи наздик дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ва дигар мавзеъҳои муайянгардидаи шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони Кумита 2500 бех ниҳоли сӯзанбарг шинонад.

Дар партави Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ба шаҳри сабзу  хуррам табдил додани Душанбе бо иштироки бевоситаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид.  Дар он кормандони дастгоҳи марказӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуда, дар оғози мавсими тирамоҳии ниҳолшинонӣ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани симои пойтахт саҳм гузоштанд.

Чунин ташаббусҳои наҷибона аз дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ҳамасола баҳри беҳдошту ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ бо иштироки доираи васеи шаҳрвандон дар мавсими ниҳолшинонӣ, ки аслан фаслҳои тирамоҳ ва баҳор амалӣ мегардад, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ миллионҳо бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, сояафкан, ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шуда, сарсабзию зебоӣ ва хуррамгардонии мамлакатро таъмин менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: