ТВТ. 26.05.2022 Дар Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар фуд — 2022», ки имрӯз дар шаҳри Бохтар оғоз шуд, беш аз 200 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ, маъмурияти дипломатии муқими Тоҷикистон, бахши хусусӣ, роҳбарони ширкату корхонаҳои ватаниву хориҷӣ, шарикони рушд ширкат доранд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар доираи форум наворҳои кӯтоҳмуддати «Имконияти содиротии Тоҷикистон” намоиш дода шуданд, ки иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии кишвар, истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, муносибатҳои тиҷоратӣ миёни харидорон ва содиркунандагонро нишон доданд.
Дар доираи форум вохӯриҳо дар сиғаҳои B2B ва B2G ба нақша гирифта шудаанд.
Ба гуфтаи ташкилкунандагони форум, дар қисмати ниҳоии ҳамоиш имзои чанд созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи 20 миллион доллар дар назар аст, ки ба содироти маҳсулоти ватанӣ ва ворид шудан ба бозорҳои нав мусоидат мекунад.
Дар барномаи форум вохӯриҳо оид ба марказҳои муттаҳидшавӣ, маркетинг ва пешбурди содирот, таъмини риояи стандартҳо ва талаботи бозорҳои содиротӣ пешбинӣ шудааст.
Форуми байналмилалии содирот дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди содирот ташкил карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ин форум дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуда, дар он намояндагони сохторҳои дипломатии Узбекистон, Русия, Беларус, Украина, Эрон, Афғонистон, Туркия, Литва, Гурҷистон ва Покистон, беш аз 200 нафар истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон ва харидорон аз Афғонистон, Қазоқистон, Покистон, Узбекистон барои пешбурди содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ширкат доштанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар».