Дар интихоботи президентии Ӯзбекистон қариб 18 миллион нафар овоз доданд

Ҳозиршавӣ дар интихоботи президентии Ӯзбекистон 87,83 дарсадро ташкил дод. Дар ин бора раиси Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзо-Улуғбек Абдусаломов хабар дод.
Ҳамин тариқ, аз теъдоди умумии интихобкунандагон (20 миллиону 428 ҳазору 891 шаҳрванд) 17 миллиону 941 ҳазору 955 нафар шаҳрванд дар интихобот иштирок карданд.
Натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ имрӯз эълон хоҳанд шуд.
Овоздиҳӣ рӯзи якшанбе, 4 декабр соати 6:00 субҳ ба вақти маҳаллӣ оғоз гардида, соати 20:00 ба охир расид.
Ёдовар мешавем, ки ҷараёни интихоботро гурӯҳи нозирон аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида кард. Ба ҳайати нозирон раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва ду аъзои КМИР ҶТ-котиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷамшедов ва ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Носирҷон Салим шомиланд.

АМИТ «Ховар»

Tags: