Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Раиси Бунёди Роҳи абрешим Сие Дуо мулоқот намуд

15 октябр дар шаҳри Пекин муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба Чин бо Раиси Бунёди Роҳи абрешим /Silk Road Fund/ Сие Дуо вохӯрӣ намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ин институти молиявӣ ва иштироки он дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба густариши робитаҳои судманд дар ҳошияи «Камарбанд ва роҳ» изҳори назар намуданд. Таъкид бар он карда шуд, ки Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳои ҷаҳон мебошад, ки ин ташаббусро дастгирӣ намудааст ва аввалин шуда, дар доираи он бо Ҷумҳурии Мардумии Чин се санади ҳамкорӣ ба имзо расонидаст.

АКС аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

АМИТ «Ховар»

Tags: