«УРАЛ–ИЛЕ». Донишҷӯёни тоҷик дар озмуни III байналмилалии навозандагони созҳои мусиқии анъанавӣ соҳиби ҷойи аввал шуданд

Донишҷӯёни ансамбли созҳои халқии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов  дар озмуни III байналмилалии навозандагони созҳои мусиқии анъанавӣ таҳти унвони «УРАЛ–ИЛЕ», ки дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия доир шуд, ҷойи аввал ва донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи «Созҳои халқӣ»-и Коллеҷи мазкур Мадина Баротова дар номинаи «Сози думбра» сазовори ҷойи сеюм гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Озмуни мазкур 11-12 декабри соли 2021 бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Бошқирдистон ва Донишкадаи давлатии санъати шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия тариқи онлайн доир шуд.

Донишҷӯёни Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов дар озмуни мазкур таҳти роҳбарии омӯзгор Ҳусайн Шарифов иштирок намуданд.

Ғолибон бо дипломҳои лауреати озмуни байналмилалӣ сарфароз гардонида шуданд.

Роҳбарияти муассиса тасмим гирифтаанд, ки пайваста дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, санъати мусиқии касбӣ ва суннатии тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: