26 марти соли 2018 дар ҳошияи Конфронси Тошканд оид ба Афғонистон зери унвони «Раванди сулҳ, ҳамкорӣ дар бахши амният ва мушорикати минтақавӣ» вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могерини дар сиғаи Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни нишаст ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории минтақавиро дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузориву технологӣ ва илму маориф мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар баробари ин, иштирокдорон таваҷҷуҳи махсус ба масоили муътадилшавии вазъи Афғонистон ва рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар зоҳир намуданд.
АМИТ "Ховар"