Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҳамроҳ бо Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва соҳибкорони шаҳр кӯшиш доранд, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ мавзеъҳои истироҳативу фароғатӣ ва дӯкону растаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои халқиро бештар намоянд. Ин амал ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид ва ҷавобгӯ ба талаботи сайёҳӣ роҳандозӣ гардидааст.
Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», дар шаҳри Гулистон ва истироҳатгоҳҳои он дар лаби «Баҳри тоҷик» тамоми имкониятҳо барои истироҳату табобати меҳмонону сайёҳон фароҳам оварда шудаанд.
Танҳо давоми соли 2017 ба минтақаҳои истироҳатию фароғатии шаҳр расман 30 ҳазору 723 нафар меҳмонон ташриф оварданд, ки аз онҳо 3823 нафар меҳмонони хориҷӣ (нисбати соли 2016 — 700 нафар зиёд) ва 26 ҳазору 900 нафар истироҳаткунандагони дохилӣ мебошанд.
Соли 2017 даромади маблағ аз ташрифи сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ ба ин шаҳр 32 миллиону 624,9 ҳазор сомониро ташкил дод.
Айни ҳол дар шаҳр 4 меҳмонхона фаъолият дошта, ҳамчунин дар осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо», «Соҳил», лагери «Шоҳин» ва маркази хизматрасонии «Усмонҷон» дар як вақт имкони қабули 1100 нафар истироҳаткунандагону табобатгирандагон мавҷуд аст.
АМИТ"ХОВАР"