Аз соли 1987 дар тамоми дунё 1 декабр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО таҷлил мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин рӯзро ҳамасола таҷлил менамояд. Бемории Вируси норасоии масунияти одам бемории музмин буда, танҳо аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки ин беморӣ ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои яккаратаи тамъизнашуда, алоқаҳои ҷинсии беҳимоя ва аз модари сироятшуда ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ ба тифл метавонад гузарад.
Тоҳир Шерхонов, мудири шуъбаи арзёбӣ ва баҳодиҳии Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт: «Ин вирус танҳо дар моеъҳои биологии инсон (хун, нутфа, шири модар) метавонад зинда монад. ВНМО бо роҳи даст фишурдан, дар як табақ хӯрок хӯрдан, ба оғӯш гирифтан, бӯсидан, атса задан, сулфидан, оббозӣ кардан дар ҳаммом ё ҳавз, газидани ҳашарот ва муошират намегузарад.
Агар модари гирифтори ВНМО дар ҳомиладориаш таҳти назорати духтурон қарор гирад ва зери назорати онҳо таваллуд кунад, кӯдак солим ба дунё меояд».
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 бемории ВНМО ба қайд гирифта шудааст. Ба маълумоти Тоҳир Шерхонов, сирояти ВНМО имрӯз дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти оморӣ то 1 октябри соли 2016 дар ҷумҳурӣ 6621 нафар шахсони гирифтори ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар 9 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 726 (1151 ҳодиса дар соли 2015) нафар сироятёфтагон аз қайди расмӣ гузаштаанд.
Ба иттилои манбаъ, зиёда аз 60% сироятёфтагон бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Аз шумораи умумии шахсони бо ВНМО зиндагикунанда 3736 ё 74,8% бо табобати зиддиретровирусӣ ҷалб шудаанд.
«Аз рӯи оморе, ки дар даст дорем, шахсони осебпазир ҳамон нафароне ҳастанд, ки моддаҳои нашъаоварро ба таври тазриқӣ истифода мекунанд, муҳоҷирони меҳнатӣ ва нафароне, ки ба шаҳвати тиҷоратӣ машғуланд ва ба инҳо заноне дохил мешаванд, ки ҳамхобаҳои худро тез- тез иваз мекунанд. Ин гурӯҳҳо нафароне мебошанд, ки хатари сирояти ВНМО дар онҳо бениҳоят зиёд аст»,-илова намуд Тоҳир Шерхонов.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 43 маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО фаъолият дорад. Ҳар як шахс метавонад ба ин марказҳо муроҷиат намояд ва маълумоти заруриро доир ба ин беморӣ дастрас кунад. Амалиёти гузаронидани санҷиш аз се давра- машваратдиҳӣ пеш аз гузаронидани санҷиш, гирифтани хун барои санҷиш, машварат пас аз гузаштан аз санҷиш иборат аст.
«Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Хазинаи ҷаҳонӣ дорувориҳои зиддивирусӣ ба таври ройгон ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд. Ин мавод ба нафароне, ки хоҳиши табобатро доранд, ройгон тақсим мешаванд. Ҳар нафаре, ки гирифтори бемории ВНМО аст, метавонад аз ин хизматрасонӣ истифода барад»,-таъкид намуд ҳамсуҳбати мо.
Ба андешаи Тоҳир Шерхонов, «ҳарчанд бемории вируси норасоии масунияти одам бемории табобатнашаванда аст, вале нафарони зиёд аз ин беморӣ мефавтанд. Бемории ВНМО бемории идорашаванда аст. Мо танҳо дар якҷоягӣ метавонем сатҳи ин бемориро паст кунем. Ман ҳамчун мутахассис пешниҳод мекунам, ки сатҳи иттилоотонии ҷавонон бояд дар ин самт хеле баланд бошад, зеро на ҳама доир ба бемории Вируси норасоии масунияти одам маълумоти мукаммал доранд. Дар ҳолати эҳтиёт нашудан ин вабо метавонад домангири мо низ шавад. Имрӯз, пеш аз ҳама, лозим меояд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро байни ҷавонон зиёд ба роҳ монд».
Бахшида ба рӯзи мубориза бар зидди ВНМО Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам баргузор намудани як зумра барномаҳои ташвиқотиро ба нақша гирифтаанд.
Дар назар аст, ки имрӯз дар Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ ҶТ ва Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе чунин вохӯриҳо доир гарданд.