8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат дар деҳоти ба номи Турсун Улҷабоеви ноҳия корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шири Спитамен”-ро ифтитоҳ карданд.
Иншоотро соҳибкори ватанӣ-муассиси Ҷамъияти саҳоми пӯшидаи “Комбинати шири Душанбе” Наврӯз Комилов ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 60 садяк бунёд намудааст, ки аз ду хати истеҳсолӣ иборат мебошад.
Барои бунёди корхона ва таъмин намудани он бо таҷҳизоти замонавӣ 15,5 млн. сомонӣ сарф гардидааст.
Дар корхона истеҳсоли 20 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла шири хушки равғандор, беравған, зардоби панир, шири қиёмкардашуда, сметан, қаймоқ, творог, равғани маска, ҷурғот, кефир, дуғ, чакка ва ғайра ба роҳ монда шудааст.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори корхона дар як шабонарӯз ба коркарди беш аз 20 тонна шири холис ва истеҳсоли 1 тонна шири хушк баробар мебошад.
Истеҳсоли шири хушк, ки акнун дар ин корхона ба роҳ монда шуд, дар ҷумҳурӣ таҷрибаи нахустин мебошад. Қаблан ин номгӯи маҳсулот аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд. Шири хушки дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шири Спитамен” истеҳсолшаванда дар бозор рақобатпазир буда, ба содирот нигаронида шудааст. Дар баробари дар дохили мамлакат ба фурӯш гузоштан, ҳамчунин ба кишварҳои ҳамсоя содирот мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди корхона ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, аз ҷумла шири хуш ва содироти он ба хориҷи мамлакатро як қадами муҳим дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар маънидод карданд.
Шири хушк бо тамғаи тоҷикӣ дар бастаҳои 1, 2, 3 ва 25 килограмм истеҳсол карда мешавад. Шир ба корхона аз хоҷагиҳои чорводорӣ, инчунин аҳолии ноҳия ҷамъоварӣ ва тавассути 6 мошини махсус ворид карда мешавад. Барои интиқоли маҳсулоти тайёр низ автомашинаҳои бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонидашуда омодаи кор аст. Таҷҳизоти васлу насбшуда навтарин буда, истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шири Спитамен” ва фаъолияти он бо иқтидори пурра 75 сокини маҳаллӣ, асосан занону духтарон бо ҷои кори доимӣ ва маоши аз 1500 то 2000 сомонӣ таъмин гардиданд. Барои нигоҳ доштани маҳсулот 3 сардхонаи ҷавобгӯ ба стандарти муосир бо ғунҷоишӣ беш аз 20 тонна сохта шудааст. Корхона дорои озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ буда, шир пеш аз коркард аз ташхиси пурраи химиявӣ, физикавӣ ва микробиологӣ гузаронида мешавад. Дар сурати таъмин будани бехатарӣ сипас ба истеҳсолот равона мегардад.
Сифат ва бехатарии маҳсулоти тайёр низ то ба фурӯш баровардан дар чанд марҳила санҷида мешавад. Дар озмоишгоҳ мутахассисони корозмуда ва дорои таҷрибаи ғанӣ кор мекунанд.
Дар ҳамин ҷо намоишгоҳи маҳсулоти ширии истеҳсоли корхонаҳои зертобеи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Комбинати шири Душанбе” ташкил карда шуд. Дар намоишгоҳ номгӯи зиёди маҳсулоти аз шири табиӣ омодашудаи корхонаҳои “Комбинати шири Душанбе”, “Фабрикаи шири Саодат”, “Шири Зафаробод” ва “Нури Сафар”-и ноҳияи Мастчоҳ, ки дорои сифати баланд мебошанд, ба маъраз гузошта шуд.
Таъсис ёфтани боз як корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар ноҳияи Спитамен натиҷаи ҳамкории судманди давлат бо бахши хусусӣ ва имконияти мусоиди кору фаъолият барои соҳибкорон мебошад.
Иқдоми истеҳсоли шири хушк дар ҷумҳурӣ таҷрибаи аввалин аст. Тибқи маълумоти оморӣ ба ҷумҳурӣ дар як сол дар ҳаҷми то 7 ҳазор тонна ба маблағи 6,2 миллион доллар шири хушк ворид мегардид. Акнун бо ҷорӣ кардани истеҳсоли шири хушк, ки ивазкунандаи воридот мебошад, талабот ба он дар ҷумҳурӣ коҳиш дода мешавад.
Тибқи стандартҳои таъмини бехатарии маҳсулоти истеъмолӣ истифодаи ашёи хоми аз ҷиҳати экологӣ тоза бисёр муҳим аст.
Дар корхонаи нав таҷрибаи муосири истеҳсоли шири хушк бе илова кардани равғани нахл ва дигар маводҳои кимёвӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба саломатии инсон бе зарар мебошад.
Масъулини корхонаи “Шири Спитамен” бо афзоиши иқтидори корхона, пас аз таъмини бозори дохилӣ, ният доранд содироти онро ба хориҷа ба роҳ монанд. Талабот ба шири хушк дар кишварҳои Покистон, Узбекистон ва Афғонистон зиёд аст.
АМИТ «Ховар»