Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардорони шуъбаву бахшҳои фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои ин вилоят дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-тренинг баргузор гардид.
Семинари мазкур бо мақсади беҳтар гардидани шароити моддиву маънавӣ дар шуъба ва бахшҳои фарҳанги вилоят, ба кор ҷалб намудани кадрҳои баландихтисос ва кормандони ҷавон, ҷобаҷогузории кадрҳо ташкил гардида, мавзӯи асосии он ба нуктаҳои ба фарҳанг нигаронидашудаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барномаи фаъолияти минбаъдаи аҳли фарҳангу санъат аст, бахшида шуда буд.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокдорони семинар оид ба дурнамо ва шароити кунунии соҳа, иҷрои вазифаҳо, омода намудани ҳисоботи оморӣ ва хаттӣ, таҳкими робитаҳо бо маркази иттилоотии Вазорат ва вазифаҳои муҳими аҳли фарҳанг дар шароити ҷаҳонишавӣ сухан гуфтанд.
АМИТ "Ховар"