Аз 15 ноябр то 15 декабр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Об- сарчашмаи зиндагӣ» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, профессор Исуф Сангов баргузор мегардад.
Намоишгоҳ бо дастгирии Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ташкил шудааст.
Ҳамзамон дар намоишгоҳ асарҳои беҳтарини рассомӣ, ки таҳти унвони «Субҳи Роғун» (соли 1980), «Роғун» (соли 1981), «Канал» ва ғайраҳо, ки дар фонди захиравии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳифз ва ҳимоя карда шудаанд, ба маъраз пешниҳод карда мешаванд.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 80 асари беҳтарини рассом ба тамошобинон манзур мегарданд, ки бештари онҳо ба мавзӯи об бахшида шудаанд. Дар расмҳо ин неъмат ҳамчун асоси ҳаёт ва сарвати табиии ҷумҳурӣ инъикос шудааст.
Исуф Сангов иброз медорад, ки «ман ташаббусҳои Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо забони ранг тасвир мекунам. Асарҳои ман барои бедор намудани ҳисси эҳтиром ва муҳаббат ба табиат таҳия шудаанд».
Дар офаридаҳои мусаввири тоҷик Исуф Сангов, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, манзараҳои зебои табиати диёр, дарёҳо, кӯлҳо ва чашмасорон наққошӣ шуда, сарзамини моро чун сарчашмаи обҳои мусаффо муаррифӣ менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки 22 декабри соли 2016 дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо ҷонибдории 177 давлати аъзои СММ қабул гардида буд.
Исуф Сангов иштирокчии доимии намоишгоҳҳои гуногун ҳам дар ҷумҳурӣ ва ҳам берун аз он мебошад.
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳ 15 ноябр, соати 17:00 оғоз мегардад.
АМИТ «Ховар»