Дар доираи амалиёти «Корд» 36 адад корду кастет ва дубинка мусодира гардид

Аз 21 то 26 сенятбр дар кӯчаю хиёбон, минтақаҳои хизматӣ ва мавзеъҳои ҷамъиятии пойтахт аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати коҳиш додани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои номатблут миёни ҷавонон марҳилаи навбатии амалиёти «Корд» доир шуд, хабар доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Дар ин марҳила 36 нафар ҷавонону ноболиғоне муайян карда шуданд, ки бо худ корду кастет ва дигар намуд ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашаванда доштанд. Аз инҳо 17 нафарашонро ноболиғон ва 19 нафари дигарро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Аз онҳо дар маҷмӯъ 26 адад кордҳои гуногунтамға, 6 адад кастет ва 4 адад чӯбдаст (дубинка) дарёфту мусодира карда шуд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба 6 нафар ҳабси маъмурӣ ба муҳлатҳои аз 7 то 10-шабонарӯзӣ, нисбат ба волидайни ноболиғон санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90-и КҲМ ҶТ ва нисбат ба нафарони дигар бо қарорҳои Суд ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуданд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе давоми 3 соли охир бо баргузор намудани амалиёти шартии «Корд» ба он муваффақ гардид, ки дар ҳудуди пойтахт содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ бо истифода аз силоҳи сард нисбат ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: