16 январи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармонро «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба имзо расониданд.
Мувофиқи ин Фармон ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонба муҳлати ду сол мораторий эълон карда мешавад.
Мақсади эълон намудани мораторий дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ буда, он барои таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои шаффоф ва мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Заминаҳои ҳуқуқии мораторий дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ» пешбинӣ гардидаанд, ки он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Дар Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, тартиби татбиқи мораторий муқаррар карда шуда, он ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон равона гардидааст.
Дар лоиҳаи Қонуни мазкур мафҳумҳои мораторий ба санҷишҳо, субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, давраҳои мораторий ба санҷишҳо ва ғайра возеҳу равшан баён гардидаанд.
Масалан, мораторий ба санҷишҳо ҳамчун муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси Қонуни мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ҳамчун шакли фаъолияти мақоми давлатии санҷишкунанда оид ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъекти хоҷагидор мутобиқи талаботи қонунгузорӣ маънидод гардидааст.
Субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие ба шумор меравад, ки ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ба истеҳсоли молу маҳсулот машғул мебошад. Давраи мораторий ба санҷишҳо ин муҳлатест, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гашта, дар давоми он санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур манъ карда мешаванд.
Мувофиқи ин лоиҳа рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки ба соҳаи истеҳсолӣ мансубанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор ба Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод карда шуда, ин Шӯро қарорро дар хусуси ворид намудани шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба Феҳристи субъектҳои дар соҳаҳои истеҳсолӣ фаъолияткунанда қабул менамояд. Дар асоси ин қарор мақоми ваколатдор вазифадор аст, дар давоми на дертар аз се рӯз ин шахсро ба Феҳристи субъектҳои дар соҳаҳои истеҳсолӣ фаъолияткунанда дохил намояд.
Бояд зикр намуд, ки ҳарчанд мораторий гузаронидани санҷишҳоро дар давраи амали он боздорад ҳам, дар моддаи 6 лоиҳаи Қонуни мазкур ҳолатҳое нишон дода шудаанд, ки дар ҳолатҳои алоҳидаи истисноӣ гузаронидани санҷишҳо иҷозат дода мешавад. Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба иҷро намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо огоҳонидани Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:
— санҷишҳои нақшавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи андоз;
— агар аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (истеъмолкунандагони молу маҳсулот) нисбат ба фаъолияти субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ ё ба мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ аризаи хаттӣ ворид гардад, (чунин санҷиш танҳо дар доираи муроҷиати пешниҳодшуда амалӣ карда мешавад);
— агар санҷиш ба муомилоти маводи доруворӣ, сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ вобаста бошад;
— дар асоси аризаи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар мавриди барҳам додани фаъолияти онҳо;
— санҷиши маҷмӯии андоз, ки тибқи қисми 6 моддаи 28 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Дар ҳама ҳолат санҷишҳои гузаронидашуда дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешаванд.
Дигар хусусияти ин лоиҳа аз он иборат аст, ки дар давраи татбиқи мораторий ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 6 лоиҳа зикргардида вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ амали як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла,
— Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»;
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»;
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»;
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор»;
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо»;
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»;
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ»;
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ»;
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ»;
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат»;
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ»;
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ»;
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантини растанӣ»;
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат»;
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» боздошта мешавад, яъне мақомоти санҷишие, ки дар асоси ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколати гузаронидани санҷишҳоро доранд, наметавонад аз онҳо истифода баранд.
Ҳамзамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигарро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки онҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти малакат аз 22 декабри соли 2017 равона гардидаанд.
Аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» низ пешниҳод гардид, ки барои ҷорӣ намудани имтиёзҳои андози ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик эйр» ва корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷиҳати навсозии техникӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон равона гардида, мувофиқи он воридоти ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
Мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси гумруки Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, аз пардохти боҷи гумрукӣ воридоти ашёи хом (фарнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ ба корхонаҳое, ки рӯйхати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, воридоти техникаи таъйиноти кишоварзӣ, воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, технологияи навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи паррандапарварӣ ва молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои паррандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи парранда ва чорво аз пардохти боҷҳои гумрукӣ пурра озод карда шуда, воридоти автомашинаҳои нав (аз санаи барориш як сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то даҳ ҳазор километр) аз пардохти боҷи гумрукӣ 50 фоиз озод карда мешаванд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати дар амал татбиқ намудани пешниҳодҳои Паём дар хусуси додани имтиёзҳои андозӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ равона гардидааст.
Аз ҷумла, мувофиқи тағйироте, ки ба моддаи 169 Кодекс пешниҳод гардидаанд, таҳвили (фурӯши) либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ мувофиқи номгӯ, таҳвили маводи дорувории истеҳсоли ватанӣ мувофиқи номгӯ, воридоти ашёи хом (фарнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ, воридоти техникаи кишоварзӣ мувофиқи номгӯ, воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, воридоти технологияи навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи паррандапарварӣ ва ё ҳангоми ворид намудани молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои паррандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи парранда ва чорво аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
Воридоти автомашинаҳои нав (аз санаи барориш як сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то даҳ ҳазор километр бошад) аз пардохти 50 фоизи маблағи андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
Дар баробари масъалаҳои зикргардида, дар лоиҳа дигар масъалаҳои вобаста ба андоз ва андозбандӣ танзими худро ёфтаанд, ки онҳо барои дастгирии соҳибкорӣ мусоидат менамоянд.
Аз ҷумла, ба Кодекси андоз, моддаи 21 илова мегардад, ки дар он тартиби мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи андоз муқаррар карда мешавад. Аз ҷумла, дар ин модда тартиби мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи андоз, дар кадом маврид қувваи бозгашт надоштан ва ё додани қувваи бозгашт ба ин санадҳо, тартиби ҳалли ихтилофот дар мавриди мавҷуд будани духӯрагиҳо ва ё ихтилофот байни муқаррароти Кодекси андоз ё мавҷуд набудани муқаррароти зарурӣ ҷиҳати танзими муносибатҳои андозӣ танзими худро ёфтаанд.
Ба ғайр аз ин дар лоиҳа як қатор меъёрҳое пешниҳод гардидаанд, ки ба манфиати андозсупорандагон метавонанд хизмат кунанд. Чунончи, санҷиши нақшавии ҳуҷҷатии аввалини фаъолияти субъекти соҳибкории хурд, ки супорандаи андози низоми содакардашуда мебошанд, танҳо баъди сипарӣ шудани 36 моҳ аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ мумкин аст. Ин муҳлат қаблан 24 моҳро ташкил медод. Гузаронидани назорати камералӣ зиёда аз як маротиба дар шаш моҳ манъ карда мешавад. Санадҳо ва қарорҳои мақомоти андоз, ки бар хилофи талаботи Кодекси андоз ҳисоб ва таҳия гардидаанд ва ҳуқуқу манфиатҳои андозсупорандагонро маҳдуд ё манъ мекунанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Бояд қайд намуд, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешниҳодгардида новобаста аз вақти қабул ва эътибори ҳуқуқӣ пайдо намуданашон аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор дода мешаванд.
Тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида барои рушди иқтисодии мамлакат, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои кории нав ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум равона карда шудаанд.
АМИТ "Ховар"