Духтури шуъбачаи дармонгоҳи Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ зимни гирифтани пора дастгир шуд

Нисбат ба Мирзоев Фаридун Мунаварович бо моддаи 324 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Фаридун Мирзоев дар вазифаи ҷарроҳи шуъбачаи дармонгоҳи Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истода, 10 июли соли 2020 аз модари сарбоз «А»-шаҳрванд «Б» барои додани хулосаи номуносиб ба адои минбаъдаи хизмати ҳарбӣ 20000 сомонӣ тамаъ намуда, аз ин маблағ 1000 доллари ИМА ва 2000 сомониро пешакӣ гирифта, боз оварда додани боқимонда 8000 сомониро талаб намуд.

22 июли соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ–тафтишотӣ Мирзоев Фаридун Мунаварович пас аз гирифтани маблағи 8000 сомонӣ аз шаҳрванд «Б» дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: