Темур Зулфиқоров барандаи ҷоизаи Бунин шуд

Темур Зулфиқоров, адиби русзабони Тоҷикистон барои асари нави «Қиссаҳои тиллоии ишқ» дар Россия барандаи ҷоизаи Бунин гардид. Тавре Тимур Зулфиқоров иттилоъ дод, маросими тақдими ҷоизаи Бунин 24 октябр дар  Донишгоҳи гуманитарии Москва баргузор мешавад.

«Муддати чанд сол  интизори ба даст овардани ин ҷоиза будам ва хушбахтона, ин рӯз насибам гашт»,-изҳор дошт Темур Зулфиқоров.

Бояд зикр намуд, ки «Қиссаҳои тиллоии ишқ»-и Темур Зулфиқоров гулчини ҳикояҳои ҳикматомези адиб буда, соли 2017 ба нашр расидааст.

Ҷоизаи ба номи Иван Бунин ба олимон, адабиётшиносон ва суханшиносони забони русӣ барои хизматҳои шоиста ва назаррас дар ҷодаи тарғиби фарҳанг ва пажӯҳиши илмию адабӣ супорида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҷоизаи мазкур соли 2004 аз ҷониби Донишгоҳи гуманитарии Москва, Ҷамъияти дӯстдорони забони русӣ, Иттиҳоди муассисаҳои таълимии олии ғайридавлатӣ, Донишкадаи миллии тиҷоратӣ ва Донишкадаи санъати муосир таъсис дода шуда, соле як маротиба тариқи озмун супорида мешавад.

Темур Зулфиқоров моҳи августи соли 1936 дар Душанбе дида ба ҷаҳон кушодааст.  Ӯ муаллифи сенарияи 9 филм, аз ҷумла «Рояли сафед», «Ошпаз ва овозхон», «Одам аз паси паррандаҳо парвоз мекунад», «Мурғи сиёҳ», «Саробҳои ишқ», «Ишқи аввали Насриддин», «Бозгашти Хоҷа Насриддин» ва «Пешхидмат бо лаълии тилло» мебошад.

АМИТ "Ховар"