Дирӯз дар Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт-«Шаҳри бехатар» вохӯрии намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини Вазири корҳои дохилӣ Маҳмадсаид Саидзода ва ҳайати Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбарии муовини сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии вазорати мазкур Дуан Датси баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, иштирокчиёни вохӯрӣ мавзӯъҳои дар доираи Созишнома ва Ёддошти тафоҳуми аз ҷониби роҳбарияти ду давлат ва вазоратҳо баимзорасида, аз ҷумла масъалаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм ва дигар хатарҳои замони муосир, ҳамкорӣ дар самти омодакунии кадрҳо, табодули таҷриба, иттилоот ва таъмини амнияти минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории мутақобилан судманд байни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва бехатарии ҷамъиятии Хитой бо мақсади таъмини оромии кишварҳо ва пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб изҳори омодагӣ намуданд.
АМИТ "Ховар"