Чемпиони Тоҷикистон- дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии ҷавобии финалии байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё шоми дирӯз бо чемпиони Ҳиндустон-дастаи «Бенгалуру» дар сафар вохӯрда, бозиро бо натиҷаи 2:2 ҷамъбаст кард ва аз ҳисоби ду вохӯрӣ ба даври финалии охирин роҳ ёфт.
Футболбозони тоҷик дар дақиқаи 4-ум баъди вайрон шудани қоида дар майдони назди дарвоза ба задани зарбаи ҷаримавии 11-метраи пеналтӣ ҳуқуқ пайдо карданд ва онро Нуриддин Давронов ба нишон расонд. То дақиқаи 20-ум истиқлолиҳо фурсатҳои мувофиқи голзаниро истифода набурданд ва дар дақиқаи 24-ум Раҳул Бҳека аз дастаи мизбон натиҷаро баробар кард. Дар поёни нимаи аввали вохӯрӣ баъди хатои дағал дар муқобили Дмитрий Барков нимҳимоятгари «Бенгалуру» Ҳурманиёт Синх Хабра бо корти дуюми зард, ки ба сурх табдил ёфт, аз майдон ронда шуд.
Дар нимаи дуюм сармураббии дастаи «Истиқлол» Мӯҳсин Муҳаммадиев дар ҳайати даста тағйирот ворид кард ва баъди ба майдон омадани Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷони Ҳасан ва Дилшод Восиев бозии бачаҳо беҳтар шуд ва дар дақиқаи 56-ум Дмитрий Барков голи дуюми моро ба самар расонд. Аммо Сунил Четрӣ-капитани дастаи соҳибони майдон пас аз 11 дақиқа аз зарбаи ҷаримавии пеналтӣ ҳисобро баробар кард.
Ба ҳамин тартиб, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии аввал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо нишондоди 1:0 ғолиб омада буд, ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифт. «Истиқлол» 4 ноябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бо дастаи «Алқувва Алҷаввия»- и Ироқ дар бозии финалӣ, ки ҷоизааш 1 000 000 доллари амрикоӣ аст, рақобат мекунад.
Ҷоми КФО-2017
Бозии ҷавобии финалии байниминтақавӣ.
«Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 2:2
Муаллифи голҳо: Нуриддин Давронов, 4 – аз пеналтӣ (0:1). Раҳул Бҳеке, 24 (1:1). Дмитрий Барков, 56 (1:2). Сунил Четрӣ, 65 – аз пеналтӣ (2:2).
«Бенгалуру» (Ҳиндустон): Гурприт Сингх Сандҳу, Рахул Бҳеке, Хуан Антонио, Ленни Родригес (Антонио Довале, 53), Димас Делгадо, Ҳарманиёт Сингх Хабра, Сунил Четрӣ, Уданта Сингх Куман, Нишу Кумар (Боитханг Хаокип, 73), Лалҳлимпуя Даниэл (Алвун Ҷорҷ, 73), Эрик Паарталу.
«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров (Амирбек Ҷӯрабоев, 46), Дэвид Мавутор, Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов, Александр Стетсенко, Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Муҳаммадҷони Ҳасан, 66), Дмитрий Барков (Дилшод Восиев, 75), Манучеҳр Ҷалилов.
Огоҳӣ гирифтанд: Хуан Антонио, Гурприт Сингх Сандҳу («Бенгалуру»), Ҷаҳонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов, Александр Стетсенко («Истиқлол»).
Аз майдон ронда шуд: Ҳарманиёт Хабра («Бенгалуру»), 42.
Бозингари беҳтарин: Сунил Четрӣ («Бенгалуру»).
Довари майдон: Хамис Муҳаммад Алмарри (Қатар).
18 октябр. Бангалор. Варзишгоҳи «Кантерава». 7862 тамошобин.
Бозии аввал – 0:1.
АМИТ "Ховар"