Намоиши дастранҷи ҳунармандони тоҷик дар Олмон

Созмонҳои ҳунармандии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмиллалии молҳои истеъмолии «Ambiente», ки аз 10 то 14 феврал дар шаҳри Франкфурти Олмон доир мегардад, ширкат хоҳанд кард.
Ба иттилои Иттиҳодияи ҳунармандони Тоҷикистон дар ин намоиш бахши ҳунармандии Иттиҳоди сайёҳии водии Зарафшон бо номи “Армуғон”, ширкатҳои “Помир Ҷевелз”, “СОХСА\Озара” ва “Рухом” ва ҳунармандони худи иттиҳодия Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ҳамасола дар намоишгоҳи «Ambiente» 4700 ширкат аз 90 кишвар ва тақрибан 145 000 меҳмон аз 160 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар ҷараёни он чандин намоишҳо гузаронида мешаванд, ки дар онҳо раванди тозатарини соҳаи саноат ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин имконоти барқарор кардани тамосҳои нав фароҳам меоянд. Ширкаткунандагони намоишгоҳ аз навовариҳои корбурдӣ дар мӯди тарроҳӣ ва равандҳои мӯдсозии бозор огоҳ мешаванд.
«Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ омехтаи тарроҳии қадима бо мӯди ҳозиразамон, зардӯзиҳо бо нақшҳои миллӣ, кифҳо ва аксессуарҳо аз пӯст, маҳсулоти заргарии бо сангҳои нимақиматбаҳо ороёфта, шонаҳои чӯбин, маҳсулоти дастбофт аз пашм ва маҳсулоти дигари дастиро ба намоиш мегузорад», - гуфтааст, Габриэла Бирде, мушовири байналмилалии Маркази тиҷорати байналмилалӣ /МТБ/ доир ба тарроҳӣ ва бозорёбӣ.
Нигина Икромова, мудири иҷроияи Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон бошад бар он назар аст, ки ин намоишгоҳ барои дарёфти ҳамкорҳо ва бозорҳои нав, бозёфти мӯду ҷараёнҳои нав дар олами ҳунарҳои дастӣ, намоиши зебоии нодири шарқии маҳсулоти тоҷикӣ ба муштариён мусоидат менамояд: “ Ман мутмаинам, ки бо зебоии маҳсулотамон меҳмонони ин намоишгоҳро ба ҳайрат хоҳем гузошт”.
Мавриди зикр аст, ки МТБ соли сеюм аст, ки иштироки ҳайъати Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи маъруфи ҷаҳонӣ таъмин менамояд. Ин сафар аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар доираи Барномаи ҳамкории тиҷоратӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Tags: