Дирӯз дар оташдони махсуси Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо иштироки комиссияи махсус аз Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратураю суд ва дигар сохторҳои марбута маросими сӯзонидани маводи нашъадор доир гардид.
Тавре масъули Хадамоти матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд Акбар Шарифов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, маводи сӯзонидашуда натиҷаи фаъолияти милитсияи Суғд буда, он дар доираи тадбирҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира гардидааст.
Дар ин рӯз тибқи далелҳои шайъии ҳалнома ва таъйиноти судии аз рӯи 256 парвандаи ҷиноятӣ ба тасвиб расида, қариб 700 килограмм намудҳои гуногуни маводи нашъадор, аз ҷумла, 25 кг 265 гр героин, 422 кг 688 гр ҳашиш, 143 кг 892 гр афюн, 37 кг 214 гр бангдона, 5400 ниҳоли кӯкнор, 94 ниҳоли бангдона, 9 ампула фенобарбитал дар асоси иҷрои варақаҳои судӣ дар оташдон сӯзонида шуданд.
АМИТ «Ховар»