Дар рӯзҳои баргузории Форуми ҷаҳонии исломӣ-иқтисодӣ дар шаҳри Ҷакарта Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Сарвазири Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка Ранил Шриян Викремесингҳ мулоқот намуд.
Зимни суҳбати самимӣ масоили вобаста ба рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Шри Ланка дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо бо таври муфассал ҷиҳати роҳандозӣ намудани самтҳои наву ояндадори ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, хусусан бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ, коркарди муштараки канданиҳои фоиданоки табиии Тоҷикистон ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи илмию фарҳангӣ табодули афкор намуданд.
Мусоҳибон ҳамчунин зарурати муштаракоти дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳои худро дар мубориза алайҳи терроризму экстремизми байналмилалӣ таъкид карданд.
Дар мулоқот суҳбату дидори самимии имрӯза ҳамчун иқдоми муҳим ва саривақтӣ ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба вазъу дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Шри Ланка арзёбӣ гардид.