Қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 28 марти соли 2017 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017» ба тасвиб расид.
Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, қарори мазкур иштироки фаъолонаи наврасону ҷавонони пойтахтро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар таъмин менамояд.
Дар қарори мазкур омадааст, ки раисони ноҳияҳои шаҳр дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати баргузории чорабиниҳои монанд дар сатҳи ноҳияҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои дар доираи имкониятҳои мавҷуда таъмин намудани маблағҳои иловагӣ барои амалигардонии чорабиниҳои мазкур вазифадор гардидааст.
Тибқи ин қарор раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, хадамоти давлатии оташнишонӣ, маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», риояи «Маромномаи сокини пойтахт» дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо муваззаф гардиданд.
Дар қарор омадааст, ки таъмини инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур тавассути воситаҳои ахбори омма ба зиммаи шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони пойтахт» вогузор гардидааст.
АМИТ «Ховар»