Рустами Эмомалӣ бо Игор Лякин-Фролов мулоқот намуд

Дирӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов мулоқот намуд.
Тавре аз Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тарафҳо зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамкориро миёни шаҳри Душанбе ва Федератсия Россия мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки тайи 25 соли муносибатҳои дипломатӣ ҳамкорӣ миёни ду кишвар боз таҳкиму тавсеа ёфт, аз ҷумла дар ин давра шаҳри Душанбе бо шаҳри Санкт-Петербург муносибатҳои бародаршаҳриро ба роҳ монда, бо дигар шаҳру вилоят ва минтақаҳои Россия равобити ҳамкориро вусъат бахшид.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд миёни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо субъектҳои хоҷагидори Федератсияи Россия дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АМИТ "Ховар"