Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ нахустнамоиши «Ишқи парӣ» баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, «Ишқи парӣ» ба қалами нависанда ва драматург Тоҳири Маҳмадризо тааллуқ дошта, он дар таҳияи сеюм аз ҷониби коргардони шинохта Умар Алиев рӯи саҳна оварда шуд. Намоиш аз ишқи поки инсонӣ ва ба ваъда вафо кардани одамон нақл мекунад.
«Асари мазкурро бори аввал соли 2008 дар Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Баҳодур Миралибеков ба саҳна гузошта буд. Он соли 2012 дар Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Меҳрубон Назаров дар шаҳри Хоруғ дар таҳияи коргардон Умед Хисравов манзури ҳаводорони театр гардид»,- хабар доданд аз Вазорати фарҳанги кишвар.
Намоиши «Ишқи парӣ» дар чандин озмуну ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар Украина, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Россия ширкат карда, соҳиби туҳфа ва дипломҳои гуногун гардидааст. Инчунин соли 2011 дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2011» ҷои аввалро соҳиб гардид.
АМИТ "Ховар"