М.Ёқубӣ: «Паёми Сарвари давлат имкон фароҳам овард, то ҳунарҳои хос мардумии қариб фаромӯшшуда дубора эҳё гарданд»

Мардуми тоҷик аз замонҳои бостон то имрӯз дар рушди фарҳанги башарӣ бо ҳунарҳои гуногун ҳиссаи арзанда мегузорад. Агар мо ба сарчашмаҳои таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори адабии классикӣ ва рӯзгори кунунии мардуми тоҷик назар намоем, бо дидани ҳунарҳои зебо огаҳ мешавем, ки бештари онҳо аз замонҳои қадим то рӯзгори мо омада расидаанд.

Бояд гуфт, ки ҳунару ҳунармандӣ, ашёву маҳсулоти косибӣ муаррифи таърихи куҳани ҳар як миллату халқият мебошанд.  Соли равон бо мақсади эҳё, рушд ва муаррифии ҳунарҳои миллии тоҷикие, ки давоми чанд соли охир баъзеи онҳо қариб ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд ва ҳамзамон шиносоии меҳмонону сайёҳони дуру наздик бо мавзеъҳои зебонманзари таърихиву фарҳангии кишварамон аз  ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Вобаста ба татбиқи ин барномаи давлатӣ имрӯзҳо дар қаламрави кишвар аз ҷониби масъулин барномаҳои хосса роҳандозӣ гардида истодаанд. Доир ба раванди корҳо дар ин самт, бахусус тарғиб ва рушди ҳунару ҳунармандӣ дар вилояти Суғд сарвари Муассисаи давлатии «Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ» Муҳаммадҷон ЁҚУБӢ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» андешаҳои худро чунин баён дошт:

Аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 имкон дод, ки ҳунарҳои миллии ниёгон аз нав эҳё гардида, ба ин восита миёни мардум ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ баланд бардошта шавад.

Имрӯзҳо қадам ба қадам ҳунарҳои аҷдодии миллиамон аз нав эҳё шуда истодаанд, ки ин ба таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва коҳиш додани сафи занҳои муҳоҷир мусоидат менамояд.

“Дар ин радиф бо боварии том гуфта метавонам, ки маҳз Паёми Сарвари давлат имкон фароҳам овард, то ҳунарҳои хос мардумии қариб ба фаромӯшӣ рафта дубора эҳё гарданд. Имрӯзҳо дар қаламрави вилояти Суғд дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, ҳамчунин дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як зумра иқдомҳои созанда роҳандозӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, имрӯз дар ҳудуди вилоят доир ба эҳё, рушд ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин восита ҷалб намудани занону духтарони бекор ба касбомӯзӣ ва таъмин намудани онҳо бо шуғли доимӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар миқёси 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 260 адад марказҳои таълимиву истеҳсолӣ амал намуда, занону духтарони ин марказҳо иштирокчии фаъоли ҳар як чорабиниву намоишҳои ҳунарҳои дастӣ мебошанд”,-иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Ҳамзамон доир ба фарогирии мактабиён ба марказҳову маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ бояд гуфт, ки имрӯз дар миқёси вилоят 28  маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 18 ҳазор нафар хонандагон дар 544 маҳфили гуногун ба таҳсилу касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Айни замон дар назди 780 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳфилҳои рӯзгордорӣ ташкил карда шуда, ҳамчунин дар 864 муассисаи таълимӣ танӯр ва дар назди ҳамаи муассисаҳои таълимӣ оташдонҳо шинонида шудаанд. Инчунин дар назди муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо 352 маҳфили сӯзанидӯзӣ, 397 маҳфили қолинбофӣ, 199 маҳфили атласу адрасбофӣ ташкил ва 1 ҳазору 69 дастгоҳи қолинбофӣ ва 133 дӯкони атласу адрасбофӣ харидорӣ шудаанд.

Албатта, ҳунарҳои мардумии тоҷик хеле зиёд ва ҳар яки онҳо бозгӯкунандаи рӯзгори тоҷиконанд. Имрӯз вақти он расидааст, ки  онҳоро боз ҳам беҳтару бештар омӯзем, пажӯҳиш намоем ва ташвиқ созем. Бинед, ягон гӯшаву канори кишварамон нест, ки ҳунарманд надошта бошад ва сайёҳе аз дидани маҳсули дасти онҳо лаззати маънавӣ набарад.    Дар ин замина, ташаббуси муҳими Пешвои миллат, аз як тараф иқдоми наве барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъмини рӯзгори моддии мардум ва сайёҳӣ дар дохили кишвар ба ҳисоб равад, аз тарафи дигар, барои ба ҷаҳониён бештар шиносонидани тоҷику Тоҷикистон сазовори ситоиш аст.

Аз ҷумла, бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорону ҳунармандон ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ шурӯъ аз моҳи январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд, ки ин ташаббуси наҷиб, бешак ба кам гардидани арзиши аслии маҳсулот ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолу содироти он мусоидат хоҳад кард.

Ба зикри Муҳаммадҷон Ёқубӣ,  замони имрўза тақозо дорад, ки пояҳои миллӣ ва масоиле, ки ҳастии миллатро таҳким мебахшанд, густариш дода шаванд. Рў овардан ба ҳунарҳои миллӣ ва равнақ бахшидани онҳо маънои онро дорад, ки миллати тоҷик аз азал ҳунарманду ободкор буду имрўз низ ҳаст ва бояд ин рисолати таърихии худро фаромўш насозад. Тарҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки таваҷҷуҳ намудан ба ҳунарҳои мардумӣ ба ин бахши зиндагии мардум такони ҷиддӣ ворид мекунад. Ба туфайли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 чандин анъанаи ҳунарии мардум, ки ташаккули илму техника онҳоро ба дасти фаромўшӣ супорида буд, дубора эҳё ва нафарони бекор бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дар ин замина, ташкили корҳои тарғиботию ташвиқотӣ низ нақши муҳим мебозад. Бо ибтикори роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор намудани як зумра озмуну фестивалҳо дар миқёси вилоят таконбахши аз нав эҳёву муаррифӣ ва рушд додани ҳунарҳои ба фаромӯширафта мебошад.

Аз ҷумла, бо мақсади тарғибу ташвиқ, эҳё, рушд ва истифодаи самарабахшу намоиши беҳтарин ҳунарҳои мардумӣ, эҳё ва намоиши таомҳои миллии қадимӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи Барномаи вилоятии «Рушди ҳунарҳои мардумӣ» бо қарори раиси вилояти Суғд моҳҳои июл – ноябри соли 2018 дар қаламрави вилоят баргузор намудани «Фестивал – озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ» мисоли равшани ин гуфтаҳост.

Фестивал – озмуни мазкур ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят доир гардида, он дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад. Дар Фестивал-озмун диққати бештар ба муаррифии ҳунарҳои беҳтарини мардумӣ, дастгирӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии ҳунармандон ва такомули неруи эҷодии онҳо, дарёфти ҳунармандони боистеъдод ва дастгирии ташаббусҳои эҷодӣ, муаррифии чеҳраҳои наву ҷавони соҳаи фарҳанг, эҳё ва намоиши хелҳои гуногуни таомҳои миллии қадимӣ ва маҳсулоти ордӣ дода мешавад.

Бартарии дигари озмун он аст, ки зимни баргузории он ҳар як иштирокчӣ ё меҳмони озмун бевосита метавонад бо урфу одат, анъана ва ҳунару таомҳои хоси миллии ин ё он минтақаи вилояти Суғд аз наздик шинос шавад.

Оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбият мегирад ва донишу малакаи рӯзгордориро аз худ мекунад. Аз ин лиҳоз дар қаламрави вилоят бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни ҷумҳуриявии фарҳангӣ-маърифатии «Нақши оила дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» низ баргузор гардида истодааст.

Ду Фестивал-озмуни дигаре, ки давоми чанд соли охир на танҳо дар қаламрави кишвар, балки берун аз он шӯҳрати зиёд касб карда, таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷиро низ ба худ ҷалб намудаанд, ин «Фестивал — озмуни вилоятии «Атласу адраси Суғд-2018» ва «Фестивали Оши палав ва шириниҳои миллӣ» ба ҳисоб мераванд, ки моҳи октябри соли равон дар маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд гузаронида мешаванд.

«Фестивал — озмуни вилоятии «Атласу адраси Суғд-2018» бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ ва густариши истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ аз рӯи 4 бахш дар ду давр гузаронида шуда, дар он ҳунармандон, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои омӯзишӣ, тарроҳон ва дӯзандагон иштирок намуда, барандаи Шоҳҷоизаи Фестивал бо 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешавад.

«Фестивали Оши палав ва шириниҳои миллӣ» бо ҳадафи тарғиби фарҳанги рӯзгордории мардуми тоҷик, эҳё ва рушди анъана ва суннатҳои мардумӣ, аз ҷумла таомҳои миллии тоҷикӣ ташкил гардида, он аз рӯи 14 бахш, аз ҷумла,  «Оши палави беҳтарин»«Ошпази беҳтарин байни мӯйсафедон ва занҳои калонсол»«Ошпази беҳтарин байни домодҳову арӯсон»«Ошхӯри беҳтарин»«Дастони моҳир» ва «Ширавории миллии беҳтарин»«Нишоллопази беҳтарин» ва «Парвардапази беҳтарин»«Ҳалвопази беҳтарин» ва «Наботпази беҳтарин» гузаронида мешаванд. Дар озмун ҳамаи хоҳишмандон, ошпазҳо ва соҳибкорон, новобаста аз фаъолият метавонанд иштирок кунанд. Иштирокчиёни фаъол ва ғолибон бо мукофотпулӣ сарфароз мегарданд.

Падидаи дигар дар самти рушди ҳунармандӣ- ин пас аз чанд соли фаъолияти нопурра дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нилуфар» (собиқ заводи рангҳои минералии Исфара) дубора ба фаъолият шурӯъ намудани коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти кулолӣ мебошад. Зеро ҳунари кулолгарӣ дар Исфара таърихи куҳан дошта, маҳсули кулолгарони ин диёр дар бисёр намоишҳои байналхалқӣ баҳои сазовор гирифтааст.

Роҳандозии истеҳсоли саноатии зиёда аз 20 намуд маҳсулоти кулолӣ дар ин коргоҳ ба ривоҷи ин ҳунари зебои аҷдодӣ мусоидат хоҳад кард.

Абдуаҳад ШАРИФЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Tags: