«Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди низоми иттилоотии идоракунии соҳаи маориф»-таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ ба кори худ оғоз намуд.
Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияро оғоз намуда, сухани табрикотии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидро ба иштирокдорон расонид.
Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва демократӣ ислоҳоти соҳаи маорифро ҳамчун ҳадафи стратегӣ ва афзалиятнок қарор дода, пайваста барои рушди он тадбирҳои таъхирнопазир меандешад. Ислоҳоти маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири васеъ намудани имкониятҳои маърифатии шаҳрвандон, ташаккули механизмҳои нави идоракунии соҳа, тарбияи кадрҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир, соҳибмаърифат, бофарҳанг, мустақил, эҷодкору навовар, инчунин барои мутобиқ намудани соҳаи таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ равона карда шудааст.
Вазорати маориф ва илм низоми иттилоотии идоракунии соҳаро рукни махсус ва муҳими системаи миллии ташкили сиёсат, банақшагирӣ ва идоракунии соҳаи маориф меҳисобад ва рушди минбаъдаи онро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ислоҳоти маориф медонад.
Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Питер Олтерс изҳор намуд, ки Вазорати маориф ва илм барои таъмини рушд дар соҳаи маориф ва умуман иқтисодиёти кишвар яке аз ниҳодҳои калидӣ ба шумор меравад ва сармоягузорӣ кардан дар соҳаи маориф- ин кушодани дарҳо бо калиди заррин мебошад. Бонки ҷаҳонӣ ва дигар шарикон омода ҳастанд, ки кумаки худро ба Вазорати маориф ва илм ва дигар сохторҳо барои беҳтар намудани иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии мардум дар оянда расонанд.
Конференсия дар доираи барномаҳои лоиҳаи Фонди глобалии таҳсилот ташкил гардида, мавзӯъҳое, ки дар он баррасӣ мешаванд, муҳим ва замонавӣ мебошанд. Муҳокимаи ин мавзӯъҳо имконият медиҳад, ки равандҳои нав ва роҳҳои нави рушди низоми иттилоотии идоракунии маориф дар сатҳи муассисаҳои таълимии ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ дарёфт карда шаванд.
Конференсия аз ду бахш- низоми иттилоотии идоракунии маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ, мушкилот ва дурнамои рушд ва низоми иттилоотии идоракунии маориф ҳамчун воситаи идоракунии соҳаи маориф иборат буда, дар кори он намояндагони шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, инчунин мушовирони маҳаллӣ ва байналхалқӣ дар мавзӯъҳои «Системаи иттилоотии идоракунии маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҷараёни таҳияи системаи автоматикии системаи иттилоотии «Муассисаи таълимӣ»», «Нақши системаи иттилоотии идоракунии маориф дар ошкор намудани кӯдакони аз мактаб дурмонда ва кӯдаконе ки дар зери хавфи тарки мактаб қарор доранд» ва «Нақши системаи иттилоотии идоракунии маориф дар идоракунии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ: таҷрибаи муассисаҳои таълимии шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия» маърӯза намуданд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди низоми идоракунии иттилоотии соҳа як қатор шарикони рушд, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи кӯдакони СММ, Лоиҳаи Фонди глобалии таҳсилот ва Бонки осиёии рушд кумаки техникӣ расониданд ва саҳми ҳар яки онҳо дар инкишофи низоми идоракунии иттилоотии соҳаи маориф назаррас мебошад.
Конференсия то соати 17 идома ёфта, дар назар аст, ки меҳмонон ва иштирокдорони он аз Кохи Наврӯз боздид ба амал оранд.