Ба мактаббачаҳое, ки аз оилаҳои камбизоатанд, кумакпулӣ пардохт карда шуд

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пардохти кумакпулӣ  ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд», яке аз тадбирҳои амалии давлату Ҳукумат дар ин самт дониста шуда, назорати чунин қарору дастурҳо зери назорати ҷиддӣ қарор гирифтааст.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бо мақсади  иҷрои ин қарор дар шашмоҳаи аввали соли 2017 дар вилояти Суғд  ба  29 ҳазору 19  нафар  хонандагони синфҳои 1-9-и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба маблағи 580 ҳазору 380 сомонӣ кумакпулӣ пардохт карда шудт.

Хотиррасон менамоем, ки назорати пардохти ҷубронпулию кумакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат яке аз самтҳои асосии фаъолияти  Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳисоб меравад.

Бояд зикр намуд, ки   дар асоси нақшаи кории шуъбаи   ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  бо котибони комиссияҳои таъйин ва пардохти кумакпулии мактаббачагони шаҳру ноҳияҳо оид ба риояи «Қоидаҳои таъйин ва пардохти кумакпулии мактаббачагон» семинари дастурдиҳӣ гузаронида шуд.

Айни ҳол аз ҷониби комиссияҳои шаҳру ноҳияҳо оид ба таъйин ва пардохти кумакпулии мактаббачагон барои шашмоҳаи дуюми соли 2017 корҳо идома доранд.

АМИТ "Ховар"

Tags: