Музаффар Ҳусейнзода Мудири дафтари минтақавии Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагонро ба ҳузур пазируфт

20 май муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода мудири Дафтари минтақавӣ барои Осиё ва кишварҳои ҳавзаи Уқёнуси Ороми Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) Индрика Радваттеро ба ҳузур пазируфт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо перомуни самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо UNHCR, аз ҷумла мусоидат ба паноҳандагон ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар карданд.

Дар мулоқот инчунин Намояндаи UNHCR барои Осиёи Марказӣ Ханс Фридрих ва Роҳбари Намояндагии UNHCR дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мулугета Зевди иштирок намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: