Имрӯзҳо дар пахтазори ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дошта, кишоварзони ҷумҳурӣ баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ба даст овардаашон аз тамоми воситаю имкониятҳо самаранок истифода менамоянд.
Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз аввали мавсим то имрӯз дар ҷумҳурӣ 356 ҳазору 107 (100,7%) тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 119 ҳазор тонна зиёд мебошад. Нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта то 23 октябри соли равон дар вилояти Суғд 102,4%, вилояти Хатлон 100% ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 102,4% иҷро гардид.
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар ҷумҳурӣ иҷрои нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро шаҳри Турсунзода 117,9%, Шаҳринав 116,8%, Данғара 116,6%, Ашт 114,9%, Ҷаббор Расулов 114,8%, Спитамен 112,3%, Рӯдакӣ 111,4%, Фархор 110,1%,Конибодом 109,9%, Сарбанд 109%, Бобоҷон Ғафуров 109%, Қурғонтеппа 108,7%, Зафаробод 106,4%, Ёвон 105,8%, Бохтар 105,4%, Дустӣ 104,7%, Хуросон 104,4%, Вахш 104,3%, Абдураҳмони Ҷомӣ 102,2%, Ҳамадонӣ 102,2 ва Кӯлоб 100,% иҷро намудаанд, ки аз фаровонҳосилӣ ва самараи кори хуби кишоварзони ҷумҳурӣ дарак медиҳад.
АМИТ "Ховар"