Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомот дар соли 2019 дархост ирcол намуд.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ин бори аввал нест, ки Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба мақомоти дахлдор дархост пешниҳод менамояд.
АМИТ «Ховар»