COVID-19. Дар Тоҷикистон 96% гирифторони коронавируси нав шифо ёфтанд

Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 25 декабр ба 13138 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, давоми шабонарӯзи охир 40 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12618 (96,0%) баробар гардид. Ҳамчунин дар муддати аз 30 апрел то 25 декабр бар асари ин беморӣ 89 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: