Мулоқоти видеоии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид

19 ноябр ба манзури омодагӣ ба Форуми 13-уми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, ки 25 ноябри соли 2020 дар Сеул дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешавад, мулоқоти видеоии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея барпо шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷониби Тоҷикистонро дар ин нишаст муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ Хусрав Нозирӣ намояндагӣ кард.

Ҷонибҳо пиромуни раванди омодагӣ ба баргузории Форуми навбатӣ табодули афкор намуда, пешнависи Баёнияи муштараки вазирони корҳои хориҷии Форум ва Нақшаи кори Котиботи Форум барои соли 2021-ро баррасӣ карданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: