Дилшод Назаров дар Финландия мақоми дуюмро касб кард

Гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалии «Paavo Nurmi Games» дар Финландия бо натиҷаи 78 метру 87 сантиметр мақоми дуюмро касб кард.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки рӯзи 29 июн баргузор шуд, рақиби аслии Дилшод — гурзандози Лаҳистон (Полша) Павел Фаҷдек бо натиҷаи 81,12 метр ғолиб шуд. Войтсех Новитски, ӯ ҳам аз Лаҳистон, бо натиҷаи 78,04 метр мақоми сеюмро соҳиб гашт.
Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Ӯ моҳи майи соли гузашта дар мусобиқаи ҷаҳонии силсилаи Гран-При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дуюмро касб кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мушарраф шуд. Олимпиадаи навбатӣ барои Дилшод Назаров чорумин ба шумор меравад.

АМИТ «Ховар»

Tags: