Имрӯз, 15 июл Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён бо сафари расмии серӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.
Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро ба ҳузур пазирад.
Инчунин музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ бо роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён ва мулоқоти роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Корея бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пешбинӣ шудаанд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар музокироти Душанбе масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Корея дар арсаҳои гуногун баррасӣ шуда, пиромуни мавзӯъҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор сурат хоҳад гирифт.
Аз рӯи натиҷаҳои сафар чанд созишнома ба имзо хоҳад расид.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели соли 1992 барқарор карда шудаанд.
Ҷумҳурии Корея намояндагии дипломатии худро бо роҳбарии Кордор дар пойтахти Тоҷикистон соли 2008 ифтитоҳ намуд.
Соли 2012 аввалин Сафири ғайримуқими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо иқомат дар шаҳри Токиои Япония таъйин шудааст.
Баҳри таҳкими муносибатҳои Ҷумҳурии Корея бо минтақаи Осиёи Марказӣ «Форуми ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Корея ва давлатҳои Осиёи Марказӣ» аз соли 2007 фаъолият мекунад, ки барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Корея аҳамияти зиёд дорад. Ҳамасола дар рафти Форуми мазкур мавзӯъҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ мегарданд.
Айни ҳол байни ду кишвар созишномаҳо дар соҳаҳои ҳимояи сармоя, андозбандии дукурата ва бекор намудани талаботҳои раводид ба имзо расидаанд.
АМИТ «Ховар»