Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар Москва

9 сентябр дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ дар Москва  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраманиам Ҷайшанкар мулоқот кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазирони корҳои хориҷӣ вазъ ва рушди минбаъдаи муносиботи  гуногунҷабҳаи Тоҷикистон ва Ҳиндустонро дар соҳоти сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва ҳарбӣ-техникӣ муҳокима карданд.

Дар мавриди як қатор масоили амнияти минтақавӣ ва ҳамкории кишварҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон С. Ҷайшанкар С. Муҳриддинро самимона ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ба ҷониби Ҳиндустон барои кумаки башардӯстонааш ба Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо тавсеаи уфунати коронавируси нав изҳори миннатдорӣ карда шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: