Барандагони “Оскар 2017” муайян гардиданд

Академияи санъат ва илми синамои Амрико барандагони ҷоизаи “Оскар-2017” –ро маълум кардааст, ки филми “Лунный свет» аз беҳтарин филмҳо маҳсуб ёфтааст.
Дирӯз 89-умин  Маросими ҷоизасупории “Оскар” дар шаҳри Лос-Анҷелоси ИМА баргузор гардид, ки дар зер рӯйхати барандагони ҷоизаи мазкурро меорем:  Ҷоизаҳои  Филми беҳтарин ба «Лунный свет»(Равшании моҳтобӣ),(продюсерон: Адел Романски, Деде Гарднер ва Ҷереми Клейнер); Беҳтарин кори режжиссерӣ ба Дэмьен Шазелл коргардони филми «Ла-Ла Ленд», Ҳунарпешаи беҳтарин ба Кейси Аффлек  аз филми «Манчестер у моря»( Манчестер дар назди баҳр), Ҳунарпешаи беҳтарини зан ба Эмма Стоун  аз филми «Ла-Ла Ленд», Ҳунарпешаи беҳтарин дар нақши дуюм ба Махершала Али («Лунный свет»), Ҳунарпешаи беҳтарини зан дар нақши дуюм ба Виола Дэвис аз филми «Ограды», Беҳтарин филмнома ба Кеннет Лонерган  аз «Манчестер у моря», Беҳтарин филми кутоҳмуддати аниматсионӣ ба «Зверополис» (коргардонҳо: Байрон Ховард, Рич Мур и Кларк Спенсер) Беҳтарин филм бо забони хориҷӣ ба «Коммивояжер» (Фурӯшанда” (Эрон, коргардон Асғар Фарҳодӣ), Беҳтарин мусиқӣ дар филм ба Ҷастин Гурвич аз «Ла-Ла Ленд» ва  беҳтарин суруд дар филм ба City of Stars(Шаҳри ситорагон)-и «Ла-Ла Ленд» — (мусиқӣ: Джастин Гурвиц, матн: Бендж Пасек и Джастин Пол) дода шудаанд.

Tags: