Миёни Тоҷикистон ва Малайзия ҷаласаи нахустини Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир мешавад

21 август мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Музаффар Муҳаммадӣ бо Котиби генералии Вазорати корҳои хориҷии Малайзия Датук Рамлан Иброҳим баргузор шуд. Аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масоили калидӣ дар муносибатҳои дуҷониба – баргузории ҷаласаи нахустини Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия ва аввалин машваратҳои дуҷониба байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар, инчунин оид ба дарёфти роҳҳои воқеӣ ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, фарҳанг, тиҷорат ва маориф табодули назар намуданд.

АМИТ "ХОВАР"

Tags: