Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Давлати Фаластин

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 26 июли соли 2018 Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Давлати Фаластин д-р Риёз Моликӣ ва ҳайати ҳамроҳи ӯро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили вобаста ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг, сайёҳӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, инчунин ҳамкориро дар чорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин барои таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ изҳори ҳавасмандӣ намуда, ба мувофиқа расидаанд, ки санадҳои дар баррасии ҷонибҳо қарордошта ҳарчи зудтар ба имзо расанд.

АМИТ«Ховар»