Дар Ҷумҳурии Беларус Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд

Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик дар Ҷумҳурии Беларус Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шаванд. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар изҳороти матбуотӣ зикр карда, аҳли фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Беларус даъват намуд.

«Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус ва Рӯзҳои кинои Беларус  идома доранд  ва соли оянда мо аҳли фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро интизор мешавем»,-гуфт Александр Лукашенко.

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар идома иброз дошт, ки минбаъд ҳамкорӣ бояд дар соҳаҳои гуногуни фарҳанг, аз ҷумла дар соҳаи санъати кино таҳким ёбад.

Ёдовар мешавем, ки 14 май дар Хонаи кино Рӯзҳои кинои Беларус дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд.

АМИТ "Ховар"