ДЗЮДО. Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam 2022» нуҳ паҳлавони шинохта муаррифӣ мекунанд

ТВТ. 28.05.2022. Аз 3 то 5 июн дар шаҳри Тбилисии пойтахти Гурҷистон мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam 2022» оид ба намуди гӯштини дзюдо баргузор мешавад, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро 9 варзишгар намояндагӣ мекунанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.

Дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam 2022» иштироки 304 варзишгар (190 мард ва 114 зан) аз 39 кишвари чаҳор қораи ҷаҳон дар назар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сабқати мардон Нуралӣ Эмомалӣ, Шаҳбоз Саидаброров (ҳарду дар вазни то 66 кг), Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳарду дар вазни то 73 кг), Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду дар вазни то 81 кг), Кароматулло Ҳакимов (дар вазни то 90 кг), Мансур Раҳмон ва Абубакри Акобир (ҳарду дар вазни то 100 кг) намояндагӣ менамоянд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа- 3 июн қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор мешаванд. Дар рӯзи дуюм – 4 июн гӯштингирони вазнҳои -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа 5 июн бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг ва +78 кг миёни занон ба поён мерасад.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо мешаванд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегарданд. Дар ҳар вазн ба ғолибон 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супорида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam 2021» ду паҳлавони шинохтаи тоҷик – Шаҳбоз Саидаброров ва Комроншоҳи Устопириён ширкат доштанд. Шаҳбоз медали биринҷӣ ба даст овард, вале Комроншоҳ ноком шуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: