Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи фарорасии Наврӯзи хуҷастапай китоби «Ас-саводу-л-аъзам»-и Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ – яке аз сарчашмаҳои қадими мардуми Мовароуннаҳру Хуросонро дар баёни ақоиди аҳли суннат ва ҷамоат ба чоп расонид.
Асар аз намунаҳои куҳантарини наср ва сабки тарҷумонии порсизабонон аст. Муаллиф мавқеи мазҳаби ҳанафии аҳли суннат ва ҷамоатро ба забони шевои тоҷикӣ доир ба масъалаҳои эътиқодӣ бо далелу бурҳонҳои нақлию ақлӣ ва сабки равону сода баён кардааст. Ин китоб матни муфассали «ас-Саводу-л-аъзам», «Мунтахаби тарҷумаи «ас-Саводу-л-аъзам»-и Хоҷа Муҳаммади Порсо ва рисолаи хурде «Дар баёни имон»-и Ҳакими Самарқандиро дарбар мегирад, ки бо таҳқиқ ва таълиқоти фарогир ба оммаи васеи хонандагон ва алоқамандон пешниҳод мегардад.