Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маркази хизматрасонӣ ба муштариёнро дар ноҳияи Роштқалъа мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази хизматрасонӣ ба муштариёнро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имконияти иншооти нав аз наздик шинос шуда, бо кормандони бахши энерегетикаи ноҳия суҳбат намуданд.

Маркази нави хизматрасонӣ аз ду ошёна иборат буда, барои хизматрасонӣ дар бахши энергетика ба аҳолии ноҳияи Роштқалъа пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи аввали бино бахши кор бо муштариён ва шуъбаи тиҷорат ҷойгир буда, ҳамчунин ҳуҷраи кормандони техникӣ, ки ба таъмир, навсозӣ ва бартарафсозии садамаҳо дар системаи электроэнергетикаи ноҳия машғуланд, бунёд карда шудааст.

Минбаъд тамоми хизматрасониҳои вобаста ба барқ, аз қабили пардохти ҳаққи истифода ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо барои насби ҳисобкунакҳои барқӣ ба таври мутамарказонидашуда дар ҳамин ҷо ҷараён гирифта, ҳамчунин муроҷиати муштариён барои бартарафсозии садамаву дигар ҳолатҳои техникӣ тариқи телефон роҳандозӣ мегардад.

Маркази хизматрасонӣ ба муштариён ҳамчунин дорои толори конфронсӣ бо 50 ҷойи нишаст буда, барои гузаронидани ҳамоишу вохӯриҳо имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар бинои нав барои беҳсозии шароити корӣ дигар иншооти ёрирасон низ сохта шудаанд.

Ҳамчунин гурӯҳҳои фаврӣ ва садамавӣ, ки дар маркази мазкур фаъолият менамоянд, бо назардошти шароити ҷуғрофии ноҳия бо тамоми имконоти зарурӣ ва дастгоҳу воситаҳои ҳамлу нақл ба пуррагӣ таъмин мебошанд.

Дар маркази нав 40 нафар мутахассисони соҳавӣ, ки асосан сокинони маҳаллиянд, фаъолият менамоянд. Сохтмони бино моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, аз тарафи Ширкати “Помирэнержӣ” бо санъати баланд ва шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд карда шудааст. Дар Маркази хизматрасонӣ тамоми дастгоҳҳои навтарин ҷойгир мебошанд. Аз ҷумла, ташхису омодасозии ҳисобкунакҳои барқӣ низ дар ҳамин ҷо анҷом дода мешавад.

Дар иншооти нав ҳамчунин тарҳи фаъолияти системаи биллингӣ, шакли пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ ба воситаи интернет ва телефонҳои мобилӣ муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳандозии системаи биллингии хизматрасонӣ имконият медиҳад, ки шаффофияти пардохти ҳаққи истифода амалӣ гардида, дар ин баробар аз талафоти неруи барқ пешгирӣ карда шавад.

Зимни суҳбатҳои самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони бахши энергетикаи ноҳияро вазифадор намуданд, ки сифати хизматрасониро ба аҳолӣ баланд бардошта, барои бартарафсозии садамаву ҳолатҳои ғайричашмдошт дар системаи энергетикии ноҳия, хусусан дар сардиҳои зимистон ҳамеша омода бошанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: