23 октябр мулоқоти маҷозии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) Владимир Воронков доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкориро дар самтҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва танзими чорабиниҳои муштарак дар доираи «Раванди Душанбе» оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он мавриди баррасӣ қарор доданд.
АМИТ «Ховар»