Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз шуд

Моҳи сентябр дар ноҳияҳои  пахтакори вилояти Суғд ҷамъоварии “тиллои сафед” оғоз гардид.

Аз ҷумла, дар яке аз ноҳияҳои калонтарини вилоят- ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имсол чиниши пахта аз хоҷагии Дӯстлики ҷамоати Чашмасор шурӯъ шуд ва як ҳафта инҷониб деҳқонон ба ҷамъоварии ҳосили бо ранҷ рӯёнидаашон машғуланд.

Тавре аз Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба мухбири  минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд хабар доданд, дар ноҳия зиёда аз се ҳазор хоҷагии пахтакор мавҷуд буда, имсол дар ноҳия дар  8401 гектар чигит кишт гардидааст.

Кишоварзони ноҳия бо кишти тухмиҳои хушсифати маҳалливу хориҷӣ, чун “Дӯстӣ”, “Хуҷанд-67”, “Флеш”, “Синтзян” ва гузаронидани корҳои саривақтии агротехникӣ азм доранд имсол ҳосили хуб ба даст оваранд.

Имрӯзҳо аз 12 ҷамоати ноҳия дар 7-тои он бо истифода аз боду ҳавои мусоид заркорони ноҳия кӯшиш доранд ҳарчи бештар ҳосили хуб ҷамъоварӣ намоянд.

Аз ҷумла, дар ду ҷамоати калонтарини пахтакори ноҳия- ҷамоати Унҷӣ ва Исфисор корҳо дар ин самт хуб ба роҳ монда шудаанд.

Ҳоло дар ноҳия 4 коргоҳи пахтақабулкунӣ барои қабули «тиллои сафед» омодаанд. Соли гузашта дар ноҳия дар  майдони 8200 гектар чигит кишт карда шуда, беш аз 17000 тонна “тиллои сафед” истеҳсол гардида буд.

Тибқи иттилои масъулини Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, имсол дар вилоят дар майдони қариб 60 000 га кишти чигит гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 3 000 га зиёд аст. Заркорони вилоят азм доранд аз он беш 130 000 тонна ҳосили хушсифати пахта ҷамъоварӣ намоянд.

АМИТ Ховар

Tags: