Намояндаи махсуси Президенти Россия дар умури Афғонистон ва раиси департаменти дуюми Осиёи ВКХ ФР Замир Кабулов дар иртибот ба эҳтимоли «ҳаракати дастҷамъии ҷангҷӯёни узви гурӯҳи «Давлати исломӣ» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) аз Покистон ба минтақаи Осиёи Марказӣ аз тариқи чархболҳо» изҳори бехабарӣ кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.
Замир Кабулов 29 январ дар Исломобод бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мулоқот ва суҳбат карда, дар мусоҳиба бо агентии ТАСС иброз дошт, ки мақомоти покистонӣ дар заминаи изҳороти ахири Игор Зубов, муовини Взири корҳои дохилии Россия «изҳори тааҷҷуб карданд».
Хотиррасон мешавем, ки дар як баёнияи худ рӯзи душанбе Игор Зубов гуфт, ки ҷангҷӯёни ДИИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) «дастаҷамъона бо истифода аз чархболҳо аз Покистон ба сарҳади Тоҷикистон» интиқол меёбанд. Кабулов гуфт, ки дар ин бора иттилое надорад. Ӯ гуфт, «мутаассифона, намояндаи ВКД Россияро гумроҳ кардааст ва ӯ иштибоҳӣ ин маълумотро ба Покистон рабт дод». Ба гуфтаи Кабулов, ин хабар дар рӯзе нашр шуд, ки худи ӯ вориди хоки Покистон шуд, «вале ин масъала зуд ҳалли худро пайдо кард». Кабулов ҳамчунин изҳор намуд: «Мо ҳамкорони покистонии худро мутақоид кардем, ки ҳеҷ масъалае бо онҳо надорем».
Зубов дар баёнияи баҳсбарангезаш рӯзи 28 январ гуфт, ки ҷангчӯён мехоҳанд аз Покистон ба марзи Тоҷикистон ворид шуда, он ҷо «тавтеаи калоне» пиёда кунанд ва дар паи он «мавҷи муҳоҷирон ба самти Россия сарозер мешаванд».
Замир Кабулов дар чаҳорчӯби як сафари расмӣ дар Покистон қарор дорад ва бо мақомоти ин кишвар вазъи Афғонистон ва бӯҳрони онро баррасӣ мекунад.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» навишт, ба баёнияи муовини Вазири корҳои дохилии Россия мақомоти Тоҷикистон низ худи ҳамон рӯз вокуниш нишон доданд.
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба гуфтаҳои муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Игор Зубов оид ба он ки гӯё интиқоли густурдаи ҷангиёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) бо чархболҳои ношинос аз Покистон ба марзҳои Тоҷикистону Афғонистон шурӯъ шудааст, изҳороти расмӣ паҳн намуд. Дар он гуфта шудааст: «Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба рӯйдодҳои дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон рухдиҳанда назорати фаъол дошта, аз вазъи фаврӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон воқифанд».
Дар изҳороти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ҳамчунин омадааст: «Миёни мақомоти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамкории зич ва устувор ба роҳ монда шуда, дар сурати зуҳури аъзои ДИ дар ҳудуди қитъаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон мо огоҳ хоҳем буд. Бевосита дар қисмати хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон то имрӯз аъзои гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»-и мамнӯъ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд».
Бино ба изҳороти мазкур, имрӯз дар ҳудуди сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар робита ба тезутунд шудани вазъ неру ва таҷҳизоти Қӯшунҳои сарҳадӣ кофист ва барои ба сарҳад бурдани неру ва техникаҳои иловагӣ зарурат нест. Инчунин дар хатти дуюм неруҳои қисми низомии Вазорати мудофиаи кишвар мустақаранд. Таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар робита ба вазъ дар Афғонистон ҳоло зарурат надорад.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ба қитъаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, барои таҳкими иловагии он тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд.
АМИТ «Ховар»