Муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд тавассути қатора ба Россия биоянд: қоидаҳои нави вуруд

Муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд ба Россия на танҳо тавассути ҳавопаймо, балки ба  тариқи роҳи оҳан низ бираванд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Sputnik» хабар медиҳад, дар ин бора  дирӯз муовини сарвазири Федератсияи Россия Марат Хуснуллин иттилоъ додааст.

«Мо кӯшиш мекунем, ки тавозуни манфиатҳоро пайдо кунем ва мувофиқа кардем, ки механизми мувофиқакунонӣ ва интиқоли неруи кориро аз ҷониби ширкатҳои калон сода гардонем. Ин боиси  тағйирот дар низомнома гардид», — гуфт ӯ дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ПМЭФ).

Дар ҳамин ҳол, вай афзуд, ки ҷиҳати ҷилавгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус муҳоҷирон ҳатман барои муайян кардани мавҷудияти COVID-19 ташхис карда хоҳанд шуд.

«Ҳоло онҳо метавонанд танҳо тавассути ҳавопаймо биоянд, мо имкони омадани онҳоро аз тариқи роҳи оҳан баррасӣ кардем, яъне ин ба зиёд шудани теъдоди онҳо мусоидат хоҳад кард», — шарҳ дод ӯ.

Ба гуфтаи вай, ҳоло дар Россия камбуди неруи корӣ дар сохтмонҳо тақрибан як миллион нафарро ташкил медиҳад ва вазъро изтиробангез  номид. Бо ҳамин сабаб, нархи захираҳои меҳнатӣ дар Россия 50-100% зиёд шудааст.

Дар ҳамин ҳол Кирилл Пуртов сардори Раёсати сиёсати иқтисодӣ ва рушди пойтахт гуфт, ки тақрибан 7000 муҳоҷири меҳнатӣ бо дархостҳои 13 ширкат ба зудӣ ба Москва хоҳанд омад.

Ба гуфтаи ӯ, инҳо асосан — шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд.

Вай ёдовар шуд, ки Маркази муҳоҷирати Москва ба қарибӣ дар Ӯзбекистон намояндагии худро ифтитоҳ кард. Таъсиси намояндагӣ пеш аз ҳама ба талаботи зиёд ба неруи кории хориҷӣ вобастагӣ дорад.

«Ҳоло мо дархостҳои 14 ширкатро барои интиқоли 6800 муҳоҷир — асосан шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистонро тасдиқ кардем», — гуфт Пуртов.

Муовини шаҳрдори Москва оид ба сиёсати иқтисодӣ ва робитаҳои молӣ — заминӣ Владимир Ефимов маҳдудиятҳои мавҷудаи вуруди муҳоҷирони меҳнатиро ба Россия аз ҳад зиёд номид.

АМИТ «Ховар»

Tags: